Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори ҷанҷолбарангези Русия беэътибор шуд


Палатаи болоии порлумони Русия бо кулли оро қарор дар бораи иҷозаи мудохилаи низомии кишвар дар Украинаро беэътибор кард. Аксарияти аъзои Шӯрои Федератсия ба тарафдории лағви санаде раъй доданд, ки моҳи март қабул шуд ва ба давлати Русия иҷоза дод, дар сурати зарурат дар Украина аз нерӯ истифода кунад. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қабл аз сафараш ба Австрия дар рӯзи 24-уми июн аз Шӯрои Федератсия хостааст, ки ин санадро беэътибор кунад. Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина ин иқдоми Путинро “як қадами амалӣ” дар роҳим ҳалли бӯҳрон дар кишвараш хондааст.

XS
SM
MD
LG