Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар фурудгоҳи Пешовар тирандозӣ карданд


Пулиси Покистон мегӯяд, афроди мусаллаҳ зимни нишасти як ҳавопаймо дар фурудгоҳи байналмилалии Пешавар, тир андохтанд ва як нафарро куштанду ду тани дигарро захмӣ карданд. Ин ҳавопаймо бо 178 мусофираш аз Арабистони Саудӣ омада буд. Дар тирандозӣ аввал се нафар ду мусофиру як меҳмондори ҳавопаймо ҷароҳат бардоштаанд ва яке аз онҳо дар роҳ ба сӯи бемористон фавтидааст. Маъмурони пулис фурудгоҳ ва иншооти онро муҳосира карданд. Касе масъулияти тирандозиро бар дӯш нагирифтааст, ки баъди он парвозу нишасти ҳавопаймоҳоро барои муддате боздоштанд. Моҳе пеш Толибон фурудгоҳи Карочӣ ҳамла карда ва чандин нафарро куштанд.

XS
SM
MD
LG