Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко мегӯяд, "оташбасро қатъ мекунем"


Баъди маҳви як чархболи нерӯҳои украинӣ, Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, ҳушдор дод, ки аз оташбаси якҷониба бо ҷудоихоҳони тарафдори Русия даст мекашад. Баёнияи Петро Порошенко рӯзи 25-уми июн ва як рӯз баъд аз он нашр шуд, ки ҷудоихоҳон як чархболи украиниро дар шаҳри Словянск сарнагун карда ва 9 сарбози онро куштанд. Пештар аз ин дар ҳамла ба фурудгоҳи Донетск ва посгоҳҳо дар ин шаҳр як нафар кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шуданд бо вуҷуди онки пешвоёни ҷудоихоҳони Русиягаро ба пешниҳоди оташбаси Порошенко мувофиқат карданд. Раиси ҷумҳури Украина рӯзи 20-уми июн барои мусолиҳа дар кишвар оташбаси якҷониба эълон кард.

XS
SM
MD
LG