Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 соати кори иловагӣ барои як мушт ба Артём Арутюнян


Додгоҳе дар шаҳри Душанбе як шаҳрванди кишварро барои бо зарби мушт беҳуш кардани корманди як созмони байналмилалӣ муҷозот кард. Додгоҳи ноҳияи Сино шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёри Амирбекро барои бо зарби мушт беҳуш кардани корманди созмони байналмилалии «FCD» Артём Арутюнян дар назди Варзишгоҳи марказии Душанбе, тибқи моддаи 112 кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне «расонидани зарари сабук», 100 соати кори иловагӣ таъин кард

Амриддин Амонов, ёвари додраси додгоҳи Сино имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати Бахтиёри Амирбек, ки корманди созмони байналмилалии «FCD»-ро зараи ҷисмонӣ расонидааст, рӯзи 19 июн содир шуда, ҳанӯз ба қуваи амал надаромадааст. Вай афзуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёри Амирбек барои бо зарби мушт зада беҳуш кардани корманди созмони байналмилалии «FCD» Артём Арутюняни шаҳрванди Арманистон тибқи моддаи 112 кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне «расонидани зарари сабук» 100 соати кории иловагӣ таъин кард. Мувофиқи ин ҳукм Бахтиёри Амирбек бар иловаи вақти корӣ, боз ҳар рӯз ҳудуди чаҳор соат ва маҷмуан 100 соат дар Муассисаи ислоҳӣ кор мекунад.

Ба иттилои додгоҳи Сино, Бахтиёри Амирбек рӯзи 17 марти соли равон дар назди Варзишгоҳи Марказии шаҳри Душанбе ҳангоми савор шудан дар мошини мусофирбари «Старекс» дар хатсайри рақами 8 бо корманди созмони «FCD» муноқиша мекунад. Вақте «Старекс»-и мусофирбар барои савор кардани мусофирон меистад, то замони савор шудани ҳамаи мусофирон мошинҳои дар паси "Старекс" буда нороҳатӣ мекунанд ва хусусан Артём Арутюнян, ки дар мошини "Прадо" будааст, пайваста сигнал медиҳад, то мусофиркаш ҳаракат намояд, аммо ронандаи Старекс ангушти ишораи худро аз оинаи мошин берун карда ишора мекунад, ки «як дақиқа сабр кун.»

Вале Артём Арутюнян ин ишораи ангушти ронандаро «дигаргуна» қабул карда, ба хашм меояд ва аз «Прадо» фаромада, ба унвони тоҷикҳо дашном медиҳад. Заноне, ки дар дохили «Старекс» будаанд, ба мусофирон муроҷиат мекунанд, ки наход ин одами бегона тақир мекунаду як марде набошад, ки ба ӯ «ҷавоб» диҳад? Дар натиҷа, Бахтиёри Амирбек аз «Старекс» фаромада, бо мушт як зарба мезанад, ки корманди созмони «FCD» Артём Арутюнян беҳуш мешавад.

Мувофиқи санади ташхиси тиббӣ-судӣ таҳти №1846, Артем Арутюнян осеби пӯшидаи косахона ва майнаи cap ва ларзиши майнаи cap бардоштааст, ки ин зарари «сабук» дониста шуда, додгоҳи Сино тибқи моддаи 112 Кодекси ҷиноӣ ҳамчун муҷозот ба Бахтиёри Амирбек 100 соати кори иловагӣ таъин кардааст.

XS
SM
MD
LG