Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо зимни суханронии Илҳом Алиев дар Страсбург


Суханронии раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар ҷаласаи ПАСЕ - Маҷмааи Парлумонии Шӯрои Аврупо дар Страсбург рӯзи сешанбе, 24 июн бо эътирозҳо мувоҷеҳ шуд. Фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандии Озарбойҷон, ки дар Аврупо ба сар мебаранд, ба нишасти ПАСЕ бо футболкаҳо бо аксҳои маҳбусони сиёсӣ дар Озарбойҷон ҳозир шуданд, баъзеҳо даҳони худро бо лентаи сиёҳ баста буданд. Ба иттилои бахши озарии Радиои Озодӣ, онҳо алайҳи изҳороти Алиев, ки “дар Озарбойҷон ба ҳама озодиҳои аслӣ арҷ гузошта мешавад”, эътироз карданд.

Аз ин пеш Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch (HRW),аз Шӯрои Аврупо ва ПАСЕ хост, то раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиевро барои хотима гузоштан ба таъқиби мунаққидони ҳукумат мутмаин созанд. Дар изҳороти раиси HRW, дар умури Аврупо ва Осиёи Миёна Ҳю Уллиамсон гуфта шудааст, Озарбойҷон раёсати даварии Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупоро дар ҳоле бар ӯҳда дорад, ки дар ин кишвар меъёрҳои муқарраркардаи Шӯрои Аврупо дағалона поймол мешаванд.

Боку аз 14 май раёсати даврии Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупоро ба дӯш дорад ва қарор аст он ним сол идома кунад.

Рӯзи 23 июн беш аз сад тан аз маҳбусони собиқ, ки худро маҳбуси сиёсӣ мехонанд, аз Маҷмааи Парлумонии Иттиҳодияи Аврупо хостанд то барои раҳо кардани маҳбусони сиёсии боқимонда дар зиндонҳои Озарбойҷон талоши бештар кунад.

XS
SM
MD
LG