Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Дар ҳамлаҳо дар Ироқ беш аз 1000 кас кушта шудааст


Созмони Милал хабар дод, ки аз рӯзҳои 5 то 22 июн, баъди аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” (ДИИШ) ишғол шудани бархе аз қаламрави вилояти Анбор ва шимоли Бағдод бар асари ҳамлаву бомгузориҳо дар Ироқ 1075 нафар, аксаран сокинони осоишта, кушта шуданд. ДИИШ ва гурӯҳҳои сунние, ки ба он ҳамроҳ мешаванд, рӯзи 24 июн даргириҳо ба хотири таъмини назорат аз манотиқи ишғолшударо идома карданд.

Бағдод иддаои қаблии ДИИШ дар мавриди комилан таҳти назорат гирифтани корхонаи коркарди нафт дар шаҳри Байҷии канори Мавсилро рад кард. Нерӯҳои ҳукуматӣ гуфтанд, ки онҳо ҳамлаи мусаллаҳони ДИИШ ба сарбанди нерӯгоҳи муҳими Ҳадифаро баргардониданд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи сешанбе, 24 июн, дар шаҳри Арбил, маркази минтақаи мухтори Курдистон, бо раҳбари ин минтақа Масъуд Барзонӣ мулоқот кард. Ӯ аз раҳбари курдҳо даъват намуд, ки дар ислоҳоти ҳукумати Ироқ фаъолтар ширкат кунад. Ҳукумати феълии Ироқ асосан аз шиаҳо иборат аст, ки ин боиси норозигии мусалмонҳои суннимазҳаб шудааст.

Аз ин пеш Ҷон Керрӣ дар Бағдод бо нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ музокирот анҷом дод. Дар ин гуфтушунид мушкилоти марбут ба ҳаракати гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” сӯи пойтахти Ироқ баррасӣ шуд. Баъд аз музокирот Керрӣ хабар дод, ки ал-Моликӣ омодагияш барои ташкили ҳукумати нав то рӯзи 1 июлро тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG