Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар Бушеҳри Эрон ду реактори нав месозад


Нерӯгоҳи ҳасатии Бушеҳр
Нерӯгоҳи ҳасатии Бушеҳр

Эрон хабар дод, ки Росатом - ширкати давлатии нерӯи ҳастаии Русия дар нерӯгоҳи Бушеҳр ду рекатори нав бунёд мекунад. Беҳрӯз Камолвандӣ, сухангӯи Созмони нерӯи ҳастаии Эрон, рӯзи сешанбе, 24 июн, ба хабаргузориҳо гуфт, ки қарор аст созиш бо ширкати “Росатом” охирҳои ҳамин ҳафта имзо шавад. Камолвандӣ афзуд, ки ин ду ректор бояд тайи панҷ-шаш соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор бигиранд.

Раиси “Росатом” Сергей Кириенко рӯзи душанбе гуфт, ки қарор аст бунёди ду реактори нав охирҳои ҳамин сол шурӯъ шавад.

Нахустин ва алҳол ягона нерӯгоҳи ҳастаии Эрон соли 2011 аз сӯи мутахассисони рус бунёд шуд. Сохтмони ин нерӯгоҳ соли 1975 аз сӯи ширкатҳои олмонӣ шурӯъ аммо баъд аз инқилоби исломии соли 1979 мутаваққиф шуда буд.

XS
SM
MD
LG