Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ ва Барзонӣ мавзӯи ҳукумати нави Ироқро баррасӣ карданд


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи сешанбе, 24 июн, вориди шаҳри Арбил, маркази минтақаи мухтори Курдистони Ироқ шуд. Reuters хабар дод, ки Керрӣ бо раҳбари ин минтақа Масъуд Барзонӣ мулоқот ва раҳбарони курдҳоро барои ширкати фаъолтар дар ислоҳоти ҳукумати Ироқ даъват кард. Ҳукумати феълии Ироқ асосан аз шиаҳо иборат аст, ки ин боиси норозигии мусалмонҳои суннимазҳаб шудааст.

Аз ин пеш Ҷон Керрӣ дар Бағдод бо нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ музокирот анҷом дод. Дар ин гуфтушунид мушкилоти марбут ба ҳаракати гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” сӯи пойтахти Ироқ баррасӣ шуд. Баъд аз музокирот Керрӣ хабар дод, ки ал-Моликӣ омодагияш барои ташкили ҳукумати нав то рӯзи 1 июлро тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG