Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбас дар шарқи Украина риоя нашуд


Низомиёни Украина ва ҷудоихоҳони рустабор ҳамдигарро дар шикастани оташбас дар шарқи кишвар айбдор карданд. Оташбас аз сӯи раисиҷумҳур Петро Порошенко рӯзи 20 июн эълон ва рӯзи 23 июн аз сӯи ҷудоихоҳон пазируфта шуда буд.

Раҳбари дафтари матбуоти амалиёти зиддитеррор Владислав Селезнёв хабар дод, ки тирборони мавқеъҳои низомиёни украинӣ қатъ намешаванд ва ҷудоихоҳон шабонарӯзи гузашта, аз ҷумла, ба постгоҳи низомиён дар чаҳорроҳаи сӯи шаҳрҳои Красний Лиман ва Славянски вилояти Донетск чанд бор аз грантомёту миномётҳо оташ кушоданд. Бар асари ин тирандозӣ ба касе осеб нарасидааст.

Дар ситоди ҷудоихоҳони вилояти Луҳанск, дар навбати худ, ба Интерфакс хабар доданд, ки артиши Украина ба шаҳракаи Приволие воқеъ дар минтақаи Лисичанска аз тӯпхона оташ кушод. РИА Новости бо такя ба намоядаи дафтари матбуоти ҳукумати худхондаи Ҷумҳурии мардуми Луҳанск навиштааст, ки дар ин ҳодиса як зан ба ҳалокат расида, як зани дигари маҷрӯҳ шудааст. Бар асари оташи тӯпхона ба кони ангишти “Приволнянская”, коргоҳи механикӣ ва истгоҳи интиқоли нерӯи барқ ҳам осеб расидааст.

XS
SM
MD
LG