Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: Эътирозгарон аз "дасти хориҷӣ" нигарон буданд


Tajikistan --A building of Tajik Interior Ministry,
Tajikistan --A building of Tajik Interior Ministry,

Вазорати корҳои дохилm мегӯяд, ки таҳқиқи ҳодисаи назди сафоратхонаи Британияи Кабир дар Душанберо ба итмом расонидааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 24 июн ва бо гузашти наздик ба ду ҳафта аз ҳодисаи ҳамла ба сафорати Бритониё дар Душанберо, онро шарҳ дод.

Вазорати корҳои дохилӣ зимни шарҳи ҳодисаи ҳамла ба сафорати Бритониё бо такя ба аризаи ҳамлаварон суолгузорӣ кардаааст, ки чаро бояд алайҳи кормандони сафорат, ки ба Бадахшон сафар кардаанд, чораи маъмурӣ андешида нашавад.

Сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҳодисаи мазкур дар назди сафоратхонаи Британия 30-дақиқа идома тақрибан 45-50 нафар нафар дар назди сафоратхонаи мазкур баъди хабардор шудани он, ки сафири Британияи ба шаҳри Хоруғ сафар кардааст, аз намояндагони сафоратхона талаб намудаанд, ки сафир баргашта бо онҳо сӯҳбат кунад.

Тавре дар хабари сомонаи ВКД омадааст, сар задани нооромиҳо дар шаҳри Хоруғро аз хориҷиҳо гумонбар шудаанд. Манбаё мегӯяд, аз шаҳрвандони дар назди сафоратхонаи Британия ҷамъ шуда, нисбати 5 нафари онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 461 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, аз тарафи додгоҳи ноҳияи Сино ҷарима ситонида шуд.

Инчунин, нисбати 15 нафар иштирокчиён протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар мавриди минбаъд такрор накардани чунин амалҳо огоҳонида шуда ва бо 27 нафар сӯҳбатҳои инфиродӣ-барои роҳ надодан ба чунин бетартибиҳо гузаронида шудааст.

Дар охири хабари ВКД омадаст, ки дар рафти санҷишҳо аризаи дастаҷамъонаи ин шаҳрвандон (ҳамлаварон) ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ ворид шуда, хоҳиши онро кардаанд, ки барои чӣ онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аммо нисбати кормандони сафорати Британияи Кабир, ки ба ВМКБ ғайриқонунӣ сафар кардаанд, чораҳо андешида намешавад. Аризаи дастаҷамъонаи ҳамларварон барои баррасӣ ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фиристода шудааст.
XS
SM
MD
LG