Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина ҳушдор дод, ки агар ҷудоихоҳони ҳаводори Русия оташбаси якҷонибаи эълонкардаи Украинаро барои “истифода аз вақт” ба кор баранд, вай нақшаи дигари алтернативӣ дорад.
Порошенко 20 июн дар ҷараёни боздид аз минтақаи Донетск барои як ҳафта оташбас эълон кард. Вай шоми 21 июн дар як паёми телевизионии худ гуфт, “ононе, ки умедворанд, мӯҳлати оташбасро барои гурӯҳбандиҳои нируҳои худ ба кор баранд, бояд бидонанд, ки мо нақшаи “Б” ҳам дорем. Порошенко дар бораи ҷузъиёти нақшаи алтернативии худ чизе нагуфт, вале изҳори умед кард, ки оташбас бояд натиҷа диҳад.
Субҳи 21 июн Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки вай аз нақшаи оташбаси Порошенко дар ҷанубу шарқи Украина ҷонибдорӣ мекунад, вале ин нақша бидуни иҷро “эътибор” нахоҳад дошт.
Путин дар изҳороте гуфт, ки нақшаи сулҳи Порошенко бояд “ултиматум” набошад ва аз ҳамаи ҷонибҳо хост, ки даргириро қатъ ва музокираро оғоз кунанд.