Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорони Абдулло Абдулло тазоҳурот карданд


Тарафдорони Абдулло Абдулло, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистон, ба нишони эътироз аз тақаллуб дар интихобот тазоҳурот карданд. Садҳо нафар рӯзи 21-уми июн дар шаҳри Кобул раҳпаймоӣ карда ва алайҳи Кумиссиёни мустақили интихобот шиор доданд. Доктор Абдулло, вазири собиқи умури хориҷии Афғонистон гуфтааст, ки мақомоти интихоботӣ саъй доранд натиҷаҳои даври дуввуми интихоботро ба нафъи рақиби ӯ дасткорӣ кунанд. Дар ин давр доктор Абдулло бо Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, вазири собиқи молияи Афғонистон рақобат кард. Абдулло Абдулло гуфтааст, ки ҳеҷ гуна натиҷаҳои ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 14-уми июнро қабул нахоҳад кард ва аз Созмони Милал хостааст, ҷараёни шумориши орои интихоботро назорат кунад. Иттиҳомот дар бораи тақаллубкорӣ дар интихобот сабаби бӯҳрони сиёсӣ дар Афғонистон шуд ва дар ҳоле, ки қарор то охири имсол бисёре аз нерӯҳои хориҷӣ он кишварро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG