Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волии Пактиё аз як ҳамла ҷон ба саломат бурд


Бар асари ҳамла ба корвони мошинҳо дар шимоли Афғонистон се кас кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ситезаҷӯён, ки либоси полис ба бар карда буданд, корвони мошинҳои волии Пактиё Ҷумъахон Ҳамдардро тирборон карданд.

Ҳамла дар наздикиҳои Мазори Шариф, маркази вилояти Балх дар ҳоле сурат гирифт, ки корвони мошинҳо сӯи Кобул ҳаракат мекард. Ба волӣ осеб нарасидааст, се муҳофизи ӯ ҷон бохта, ду муҳофизи дигар ва як корманди полис ҷароҳат бардоштанд.

Рӯзи ҷумъа ҳамчунин бар асари аз сӯи афроди ношинос тирборон шудани як рустои волусволии Мӯҳманддараи вилояти Нангарҳор як тифли хурдсол кушта шуд ва панҷ кӯдаки дигар маҷрӯҳ шуданд. Гуфта мешавад, ки ҳамаи онҳо узви як хонадон будаанд. Масъулияти ҳамлаҳро касе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG