Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати даҳҳо нафар дар таркише дар як рустои Сурия


Бар асари таркиши мошин дар вилояти Ҳумои Сурия дасти кам 34 нафар кушта ва беш аз 40 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои расонаҳои расмӣ, таркиш рӯзи ҷумъа, 20 июн, дар рустои Ал-Ҳурра, ки таҳти назорати ҳукумат қарор дорад, рӯй дод.

Масъулияти ин ҳамларо “Ҷабҳаи исломӣ”, гурӯҳи мухолифи ҳукумати Димишқ, бар ӯҳда гирифт.

Маркази назорати ҳуқуқи башар дар Сурия, мақараш дар Бритониё, хабар дод, ки миёни қурбониёни ҳодиса сокинони осошта ҳам ҳастанд ва вазъе бархе аз маҷрӯҳон – сангин аст. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳамчунин дар бораи задухӯрд миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои исломӣ дар вилояти Ҳумо иттило доданд.

Рӯзи 19 июн таркиш дар вилояти Ҳумс мунҷар ба ҳалокати дасти кам се кас шуда буд.
XS
SM
MD
LG