Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Селезнев: Дар Донбасс 300 тан аз ҷудоихоҳон кушта шуданд


Шабонарӯзи гузашта бар асари даргириҳо дар шаҳракҳои Ямпол ва Закотное дар вилояти Донетск тақрибан 300 тан аз ҷудоихоҳони рустабор кушта шуданд. Дар ин бора рӯзи ҷумъа намояндаи вазорати дифои Украина Владислав Селезнев дар саҳифааш дар Facebook хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар набардҳо ҳамчунин ҳафт низомии украинӣ ба ҳалокат расида, 30 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Низомиёни украинӣ як зиреҳпӯши БРДМ, як мошини боркаши КАМАЗ, ки бо пулемёт ва таҷҳизоти сайёри зидди ҳамлаи ҳавоӣ муҷаҳҳаз шуда буд, гранатомёт ва теъдоди зиёди силоҳи истеҳоли Русияро ғанимат гирифтанд.

Раҳбари гурӯҳи “Муқовимати иттилоӣ” Дмитрий Тимчук дар Facebook навишт, ки корвони зиреҳпӯшҳои ҷудоихоҳон вориди Луҳанск шуд. Шаби ҷумъа онҳо фурудгоҳи шаҳри Луҳанск ва қисми низомии шаҳри Артёмовскро тирборон карданд. Низомиёни украинӣ оташи ҷавобӣ кушоданд. Ба навиштаи Тимчук, ба сарбозони украинӣ осеб нарасидааст.
XS
SM
MD
LG