Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз ҳамлаҳо ба адвокатҳо дар толорҳои додгоҳҳо


Маркази дифоъ аз ҳуқуқи башар "Килим Шамъи" ё "Шамъи аср" аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон хост, ки ба мушкили ҳамла ба вакилони дифоъ дар толорҳои додгоҳҳо расидагӣ кунанд.

Дар изҳороти ин созмон, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, омадааст, ҳамлаҳо ба адвокатҳо дар гузашта зиёд рӯй додаанд ва аммо то имрӯз нафаре аз ҳамлагарон муҷозот нашудааст.

Изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки дар шаҳри Ӯш боз як вакили дифоъ – Кумушбек Ибикеев дар толори додгоҳи вилоятӣ мавриди латукӯби пайвандони як қурбонии садамаи нақлиётӣ қарор гирифт. Ибикеев, ки дар мурофиа вакили дифоъи ронанда буд, ба бемористон интиқол ёфт. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, пайвандони қурбонии садама ба бемористон рафта, дар он ҷо ҳам ба вакили дифоъ таҳдид кардаанд.
XS
SM
MD
LG