Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ: Эрониҳо аз шаҳрҳои муқаддаси Ироқ дифоъ хоҳанд кард


Шаҳри Наҷаф
Шаҳри Наҷаф
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, гуфт, ки Теҳрон барои дифоъ аз ҷойҳои муқаддаси шиаҳо дар Ироқ аз ситезаҷӯёни “Далвати исломии Ироқ ва Шом” аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирад.

Ӯ дар як паёми мустақими телевизионӣ аз Хуррамобод, як шаҳри воқеъ дар наздикиҳои марзи Ироқ, гуфт, ки эрониҳо аз шаҳрҳои Карбало, Наҷаф, Козимия ва Сомарро мудофиа хоҳанд кард. Дар ин шаҳрҳо мақбараҳои афроди барои шиаҳо муқаддас ҷойгир шудаанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ афзуд, ки эрониҳои зиёде худро барои ба ҳимояи ин шаҳрҳои муқаддас рафтан номнавис кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, мусаллаҳони суннимазҳаби Ироқ ва ҷомеъаҳои шиаҳову курдҳои кишвар низ омодаанд то худро дар роҳи дифоъ аз ин шаҳрҳо қурбон кунанд.
XS
SM
MD
LG