Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш ҳангоми тамошои бозии футбол дар Нигерия


Дар шаҳри Даматуру, воқеъ дар шимоли Нигерия, бар асари таркиш дар як маркази тамошои бозиҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол 21 нафар ба ҳалокат расида, 27 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора хабаргузории France-Presse бо такя ба табибон хабар додааст. Сокинони маҳаллӣ ҳадс заданд, ки бомба дар як мотороллери сечарха ҷойгузорӣ шуда буд.

Масъулияти ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст, аммо мардуми маҳаллӣ ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳи исломии “Боко Ҳаром” кардаанд, ки аз ин пеш ҳам ин гуна ҳамлаҳо анҷом дода буд.
XS
SM
MD
LG