Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати хабарнигори ВГТРК дар вилояти Луҳанск


Игор Корнелюк
Игор Корнелюк
Хабарнигори ВГТРК - ширкати давлатии телевизион ва радиои Русия Игор Корнелюк, ки дар вилояти Луҳански Украина маҷрӯҳ шуда буд, рӯзи сешанбе аз олам даргузашт. Ӯ ҳамроҳ бо наворбардорон дар шаҳраки Металист, ки он ҷо даргириҳо миёни низомиёни украинӣ ва ҷудоихоҳон идома доранд, ҷароҳати сангин бардошт.

Сарнавишти садобардори ВГТРК Антон Волошин, ки ҳамроҳ бо Корнелюк буд, маълум нест.

Парлумони Украина рӯзи сешанбе тарҳи муроҷиат ба раисиҷумҳур дар бораи ҷорӣ кардани вазъи фавқулодда дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанскро баррасӣ мекунад.

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, ахиран изҳор намуд, ки баъди таъмини назорати манотиқи бо Русия ҳаммарзи Донетск ва Луҳанск аз сӯи низомиёни украинӣ оташбаси муваққат эълон мешавад, ки як-ду ҳафта идома хоҳад кард, то ҷудоихоҳон силоҳ ба замин гузоранд ё Украинаро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG