Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои ироқӣ Бақубаро дубора таҳти назорат гирифтанд


Нерӯҳои амниятии Ироқ рӯзи сешанбе, 17 июн, дубора шаҳри Бақуба, воқеъ дар 60-километрии шимоли Бағдодро, таҳти назорат гирифтанд. Ба иттилои расмӣ, мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” ё ДИИШ дар як ҳамла рӯзи душанбе бахше аз ин шаҳрро ишғол карданд, аммо дар ниҳоят нерӯҳои амниятӣ онҳоро аз ин ҷо берун карданд.

Ба гуфтаи сокинон ва мансабдорони маҳаллӣ, дар набардҳо теъдоди зиёди одамон, аз ҷумла, чанде аз маҳбусони зиндони маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд.

Ситезаҷӯёни ДИИШ алҳол шаҳри Тал-Афар, воқеъ дар 420 километрии шимолу ғарби Бағдодро таҳти назорат доранд.

Рӯзи сешанбе дафтари нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ дар як изҳорти расмӣ Арабистони саъудиро дар он айбдор кард, ки ба низомиёни ДИИШ кӯмаки молӣ ва равонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG