Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия барои Украина режими пешпардохти маблағи газро ҷорӣ кард


“Газпром”-и Русия барои ширкати “Нафтогаз Украина” режими пешпардохти маблағ барои газро муқаррар кард. Дар изҳороти ширкати русӣ гуфта шудааст, ки ин режим аз соати 10-и субҳи рӯзи душанбе, 16 июн, баъди пайваста пардохт нашудани маблағи гази истифодашуда аз сӯи Украина ҷорӣ гардид. То имрӯз Украина аз Русия барои газ тақрибан 4,5 миллиард доллар қарздор аст.

Шаби гузашта ҳайатҳои Русия, Украина ва Комиссиюни Аврупо дар мавриди мушкили хариду фурӯши газ миёни Маскав ва Киев ба тавофуқ нарасиданд. Вазири энерҷӣ ва саноати ангишти Украина Юрий Продан изҳор намуд, ки Русия барои пайдо кардани тавофуқи мутобиқ ба қимати бозор оид ба газ омода набуд ва ягон пешниҳоди мушаххаси Комиссиюни Аврупоро напазируфт.

Раиси комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо оид ба энерҷӣ Гюнтер Эттингер дар музокироти сеҷонибаи ахир пешниҳод карда буд, ки қимати газ барои Украина тобистон 300 доллар барои ҳазор метри мукааб ва зимистон 385 доллар барои ҳазор метри мукааб муқаррар шавад.

Маскав аз Украина пардохти қарз барои газро талаб дорад. Киев қимати муқарраркарда барои газ аз сӯи Русияро “ғайри қобили қабул” ва “дорои ангезаи сиёсӣ” мехонад.
XS
SM
MD
LG