Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими Месси Боснияро шикаст дод. Эрон бо Нигерия қувва меозмояд


Шаби 15-16-уми июн боз се бозии сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразил баргузор шуд. Натоиҷи бозиҳо чунин аст: Швейтсария— Эквадор – 2-1 (голҳо – Валенсия Эн.,22 (0:1), Меҳмедӣ А., 48 (1:1), Сеферович Х., 90+3 (2:1), Фаронса — Ҳондурас – 3-0 (Бензема К., 45 (1:0), Валядарес Н., 48 (2:0), Бензема К., 72 (3:0), Аргентина — Босния ва Ҳерсеговина – 2-1 (Колашинатс, С., 3 (1:0), Месси Л., 65 (2:0), Ибишевич В., 85 (2:1).

Ба ин тартиб, бозиҳои даври аввал дар панҷ гурӯҳ – А, В, С, D, Е– поён ёфтанд. Дар гурӯҳи F бошад, як бозӣ доир шуд. Бозии дигари ин гурӯҳ шаби
16 ба 17-уми июн, миёни дастаҳои Эрон ва Нигерия баргузор мешавад. Ин бозӣ имшаб соаи 24 ба вақти Душанбе оғоз меёбад. Пеш аз ин бозӣ имшаб, соати 21 ба вақти Душанбе бозии аввали гурӯҳи G миёни дастаҳои мунтахаби Олмон ва Португол шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG