Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Самангон кормандони интихоботӣ террор шуданд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки 14 июн як бами роҳ дар канори микроавтобуси кормандони Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон таркидааст. Ин микроавтобус баъд аз хатми райдиҳӣ шабона онҳоро ба хона мебурд. Дар ин таркиш 10 нафар кушта шудаанд ва дар миёни онҳо кӯдакон низ будаанд.

15 июн Сиддиқ Азизӣ-сухангӯи волии вилояти Самангон ба радиои Озодӣ гуфт, ки 4 нафари қурбониён кормандони расмии Кумиссиюни мустақили интихоботӣ ва 6 нафари боқимонда нозирони интихоботӣ будаанд. Аз ин кушташудагон 6 нафар зан будаанд. Ҳодиса дар наздикии Айбак-маркази вилояти Самангон рух додааст.

Дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ-вазири пешини корҳои хориҷа ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай-вазири пешини молияи Афғонистон бо ҳам рақобат карданд.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои муқаддамотӣ 2 июл ва натиҷаҳои ниҳоии интихобот 22 июл эълон шавад.

Дар саросари Афғонистон дар рӯзи интихобот дар 150 ҳамла 46 кас кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG