Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 июн дар Украина рӯзи мотам эълон шуд


Петро Порошенко
Петро Порошенко
Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина 15 июнро дар кишвараш рӯзи мотам эълон кард. Дар рӯзи мотам хотираи қурбониёне гиромӣ дошта мешавад, ки аз рӯзҳои аввали ҳамлаи ҷудоихоҳони ҳаводори Русия то ба ин рӯз кушта шудаанд.

Киев мегӯяд, ки шаби 14 июн ҷудоихоҳон бо оташи мушаки замин ба ҳаво ҳавопаймои низомиро суқут додаанд. Ин ҳавопаймо барои фуруд дар фурудгоҳи Луҳанск омодагӣ мегирифт ва ба замин наздик мешуд. Вале ҷудоихоҳон онро заданд. Ин минтақаро аслан ҷудоихоҳон зери контроли худ доранд.

Порошенко 14 июн гуфт: “Украина андӯҳ дорад, вале мо қотеона муборизаи худро барои сулҳ идома медиҳем”. Киев амалиёти поксозии ҷунубу шарқи Украина аз ҷудоихоҳонро оғоз кардааст.

Ҷудоихоҳон иддао кардаанд, ки онҳо як ҳавопаймои бомбафкани нируҳои ҳавоии Украинаро низ задаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин ҳавопаймо шаҳраки Норилскро дар минтақаи Донетск ҳадаф қарор додааст.
XS
SM
MD
LG