Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машварати Байден бо Эрдуғон дар бораи шӯришиёни Ироқ


Ҷо Байден
Ҷо Байден
Вазъи амниятӣ дар Ироқ бадтар мешавад. Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико бо Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия дар бораи тақвияти рӯзафзуни тундравҳои Ҷумҳурии Исломии Ироқ ва Шом машварат кард. Дар давоми се рӯз Байден ва Эрдуғон бо ҳам ду бор телефонӣ гуфтугӯ карданд. Байни онҳо дар бораи хатари гурӯҳҳои хурди Ал Қоида ба амнияти Ховари Миёна ва саросари ҷаҳон табодули назар сурат гирифт.

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, вай имкон ва роҳҳои кӯмак ба Ироқро баррасӣ мекунад, то давлати ин кишвар битавонад бо шӯришиёни суннӣ мубориза кунад. Ин шӯришиён дар зарфи чанд рӯзи ахир шаҳрҳои муҳими шимоли Ирорқ, аз ҷумла Мавсил ва Тикритро ба тасарруфи худ дароварданд ва акнун қасд доранд Бағдодро низ ҳадаф қарор диҳанд.

Аммо Обама ба ҳукумати Ироқ, ки аслан дар ихтиёри пайравони шиамазҳаб аст гуфт, ки бояд ба ҷудоиандозиҳои мазҳабӣ хотима дода шавад.

Оятуллоҳ Алӣ ал Систонӣ-раҳбари шиамазҳабони Ироқ ва рӯҳонии пурнуфузи шиаҳои ин кишвар аз пайравони худ 13 июн хост, ки бар зидди шӯришиёни суннӣ аслиҳа ба даст бигиранд.
XS
SM
MD
LG