Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон даври дуввуми интихобот идома дорад


Райдиҳӣ дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон идома дорад. Бо вуҷуди он ки дар бораи се таркиш дар қисмати шимолии шаҳри Кобул ва дар бораи як таркиш дар ғарби шаҳр гузоришҳо мерасад, вале дар Кобул барои ширкат дар райдиҳӣ навбатҳои тӯлонӣ ба вуҷуд омадааст. Ин таркишҳо қабл аз боз шудани ҳавзаҳои райдиҳӣ рух додааст.

Сиддиқ Сиддиқӣ-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Афғонистон таъйид кард, ки як мушак дар қисмати ҷанубии фурудгоҳи байналмиллалии Кобул афтодааст. Вай ҳамчунин гуфт, ки қабл аз оғози райдиҳӣ дар ғарби Кобул таркиш ба вуқуъ павастааст.
Аммо Сиддиқӣ гуфтааст, ки дар ин таркишҳо касе кушта нашудааст ва он ба фаъолияти кормандони расмии интихоботӣ халал нарасондааст.

Толибон таҳдид карда буданд, ки ба райдиҳандагон ҳамла мекунанд ва аз афғонҳо хоста буданд, ки аз ҳавзаҳои интихоботӣ худро дур бигиранд, то кушта нашаванд.

Дар даври дуввуми интихобот Абдуллоҳ Адуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо ҳам рақобат мекунанд. Интизор меравад, ки натиҷаҳои муқаддамотии интихобот 2 июл ва натиҷаҳои ниҳоӣ 22 июл эълон шавад.
XS
SM
MD
LG