Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи ҷумъа изҳор намуд, ки Амрико нерӯҳояшро дубора ба Ироқ намефиристад, вале аз талошҳое барои кӯмак дар таъмини субот дар ин кишвар кор мегирад. Ҳамзамон Барак Обама паём дод, ки ҳалли бӯҳрон аз худи ироқиҳо вобаста аст.
Дар сӯҳбат бо хабарнигорон қабл аз парвоз ба Дакотаи Шимолӣ раисиҷумҳури ИМА гуфт, ки гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” на фақат ба мардуми Ироқ, балки ба манфиатҳои Амрико ҳам таҳдид мекунад. Ба гуфтаи Обама, ҳукумати Ироқ бояд сидқан барои аз байн бурдани ихтилоф миёни шиаҳову сунниҳо талош кунад, дар акси ҳол имдоди низомии Амрико ба саркӯбсозии ҷангҷӯён мусоидат нахоҳад кард.
Аз ин пеш Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, изҳор намуд, ки Вошингтон ба ҳаводиси Ироқ ба таври сареъ вокуниш хоҳад кард. Ӯ баъд аз анҷоми як конфаронси байнулмилалӣ дар Лондон дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ҳаводиси ахир бояд ҳушдори ҷиддие барои раҳбарони сиёсии Ироқ шавад.
Ҷангҷӯёни “Давлати исломии Ироқ ва Шом” дар идомаи пешравиҳои худ дар Ироқ ду шаҳр аз вилояти Лаёла, воқеъ дар шарқи кишвар ва дар наздикиҳои марз бо Эронро тасарруф карданд. Радиои Фардо рӯзи ҷумъа бо такя ба хабаргузории Рейтер иттилоъ дод, ки шаҳрҳои Ҷалула ва Алсаъидия ба иловаи чандин рустои атрофи онҳо дар кӯҳистони Ҳамрин ба дасти мусаллаҳони “Давлати исломии Ироқ ва Шом” гузашт ва нерӯҳои низомӣ низ постгоҳҳои худро раҳо кардаанд.
Ин ҳафта гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом”, ки бо “Ал-Қоида” робита дорад, чанд шаҳри Ироқ, аз ҷумла Мавсил ва Тикритро таҳти назорат қарор дод.
Шоми панҷшанбе Шӯрои амнияти СММ дар нишасти фаврии худ хостори баргузории муколамали миллии ҳамаҷониба дар Ироқ шуд ва ҳамлаҳои ахири ҷангҷӯён дар ин кишварро маҳкум кард. Аммо дар изҳороти 15 кишвари узви Шӯрои амният дар мавриди кор гирифтан аз чораҳое алайҳи гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” чизе гуфта нашудааст.