Ҷангҷӯёни “Давлати исломии Ироқ ва Шом” (ДИИШ) дар идомаи пешравиҳои худ дар Ироқ ду шаҳр аз вилояти Лаёла, воқеъ дар шарқи кишвар ва дар наздикиҳои марз бо Эронро тасарруф карданд. Радиои Фардо рӯзи ҷумъа бо такя ба хабаргузории Рейтер иттилоъ дод, ки шаҳрҳои Ҷалула ва Алсаъидия ба иловаи чандин рустои атрофи онҳо дар кӯҳистони Ҳамрин ба дасти мусаллаҳони “Давлати исломии Ироқ ва Шом” гузашт ва нерӯҳои низомӣ низ постгоҳҳои худро раҳо кардаанд.
Ин ҳафта гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом”, ки бо “Ал-Қоида” робита дорад, чанд шаҳри Ироқ, аз ҷумла Мавсил ва Тикритро таҳти назорат қарор дод. Аз ин пеш мусаллаҳони курд хабар доданд, ки ДИИШ-ро аз шаҳри Киркук берун кардаанд.
Шӯрои амнияти СММ хостори баргузории муколамали миллии ҳамаҷониба дар Ироқ шуд ва ҳамлаҳои ахири ҷангҷӯён дар ин кишварро маҳкум кард. Аммо дар изҳороти 15 кишвари узви Шӯрои амният, ки шоми панҷшанбе авзоъ дар Ироқро баррасӣ карданд, дар мавриди кор гирифтан аз чораҳое алайҳи гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” чизе гуфта нашудааст.
Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама изҳор намуд, ки ҳамлаи ҷангҷӯён бояд ҳушдоре барои ҳукумати Ироқ шавад. Ӯ ба зарурати рафъи ихтилоф миёни шиаҳову сунниҳо дар Ироқ таъкид кард.