Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии вазъи дастарсии хабарнигорон ба иттилоот


Вазъи дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон бо вуҷуди мавҷуд будани талаботҳои қонун баъзан маҳдуд карда мешавад. Ин нукта имрӯз 13-уми июн дар ҷаласаи Анҷумани милли воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) садо дод. Ба гуфтаи масъулолни ин ин анҷуман, хусусан дар ҳолатҳои сар задани ҳодисаҳои табиӣ ва ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти маҳаллӣ дастрасии иттилотро ба хабарнигорон маҳдуд мекунанд.

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон зимни як пажуҳиш маълум кардааст, ки дар чанд ҳодисаи табиӣ дар минтақаи Кӯлоб мақомоти маҳаллӣ барои гирифтани иттилоот ба хабарнигорон монеаи сунъӣ эҷод мекунанд. Аз ҷумла Уғулой Мухторова, таҳлилгари АМВАОМТ гуфт, ки дар ҳодисаҳои табиии соли 2010 ва 2014-и минтақаи Кӯлоб, ки ҷони даҳҳо нафарро рабуд, мақомоти маҳаллӣ бо ташкил кардани дидбонгоҳ дар ҷойи офатзада нагузоштаанд, ки хабарнигорон маълумоти лозимаро гиранд.

Ҷаласаи “Вазъи дастрасӣ ба иттилоот: татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ” дар шаҳри Душанбе бо ширкати журналистон, намояндагони мақомоти ниҳодҳои давлатӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд. Тавре раиси Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев гуфт, мақсади асосии чорабинии мазкур фароҳам овардани замина барои муколамаи озод миёни ҷомеаи журналистӣ ва мақомоти давлатӣ буда, дар он дастовардҳо, мушкилот ва пешомадҳои татбиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон дар самти дастрасӣ ба иттилоот аст.
XS
SM
MD
LG