Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷлоси порламони Ироқ мавқуф гузошта шуд


Порламони Ироқ иҷлоси изтирории худро, ки қарор буд, 12 июн баргузор шавад, мавқуф гузошт. Дар ин иҷлос бояд ҷорӣ кардан ва ё ҷорӣ накардани вазъи фавқулодда дар Ироқро баррасӣ мекарданд, зеро шӯришиёни суннимазҳаб ба амалиёти таҳоҷумии худ идома медиҳанд.

Сабаби мавқуф гузоштани иҷлос ҷамъ нашудани шумораи зарурии намояндагони порламон будааст. Ҷаласаи порламон бояд бо дархости Нурӣ Ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ баргузор мешуд.

11 июн ҷанговарон аз Давлати Исломии Ироқ ва Шом як рӯз баъд аз гирифтани Мавсил ва рабудани 80 турктабор назорат бар Тикритро низ ба даст дароварданд.

Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ аз маҳофили байналмилллалӣ хост, ки бо Ироқ ҳамбастагӣ нишон диҳанд. Қарор аст, ки шоми 12 июн Шӯрои Амнияти СММ барои баррасии вазъи Ироқ мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG