Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия санаи пешпардохт барои газро мавқуф гузошт


Русия санаи ҷорӣ кардани пешпардохт барои газеро, ки ба Украина интиқол меёбад, аз 10 то 16-уми июн мавқуф гузошт. Дар ин бора шоми сешанбе раиси ширкати “Газпром” Алексей Миллер баъд аз мулоқот бо раиси Комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо оид ба энерҷӣ Гюнтер Эттингер дар Брюссел хабар дод.

Қарор аст, ки рӯзи чаҳоршанбе даври шашуми музокироти сеҷониба – Русия, Украина, Иттиҳолдияи Аврупо оид ба газ баргузор шавад. Музокироти қаблӣ ноком анҷом ёфтанд. Маскав барои он пойфишорӣ дорад, ки Киев барои гази моҳҳои ноябр-декабр истифодакардааш 1 миллиарду 454 миллион доллар ва барои маводи сӯхти моҳҳои апрел-май истифодабурда боз 500 миллион доллар пардозад. Аммо мақомоти Украина пардохти газро бо пойин бурдани қимати он марбут мекунанд.

Рӯзи сешанбе Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар сӯҳбати телефонӣ бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ҳайати Русия муваззаф шудааст, ки бо вуҷуди душвориҳо музокироти созанда бо намояндагони Украина ба хотири расидан ба созиши барои ҳарду ҷониб муносибро идома диҳад.
XS
SM
MD
LG