Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликӣ хост, дар Ироқ вазъи фавқуллода эълон шавад


Ба думболи ишғоли яке аз шаҳрҳои бузурги Ироқ аз тарафи тундравони шарики Ал-Қоида, нахуствазир Нурӣ ал-Моликӣ аз порлумон хост, дар кишвар вазъи фавқуллода эълон кунад. Бино ба гузоришҳо, ҷангҷӯёни созмони Давлатии исломии Ироқ ва Левант шоми 9-уми июн қароргоҳҳои муҳими ҳукуматӣ дар шаҳри Мосулро ишғол кардаанд. Даҳҳо нафар аз ҷангҷӯёни сар то по мусаллаҳ ба маркази маъмурии вилояти Нинева ҳамла бурда, идораи пулисро ишғол карда ва зиндониёнро раҳо карданд. Усома ал-Нуҷайфӣ, раиси порлумони Ироқ, аз ҳукумати Ироқ ва ҳукумати вилояти Курдистон хостааст, ки ба Мосул нерӯҳои изофӣ фиристанд. Аз тарси ҷангҳои чанд рӯзи ахир дар ин вилояту атрофи он ҳазорон нафар хонаҳои худро тарк кардаанд. Дар вилояти Анбор ҷангҷӯёни Давлатии исломии Ироқ ва Левант баъзе аз бахшҳои Рамодӣ, маркази маъмурии вилояти Анбор ва шаҳри Фаллуҷаро аз моҳи январ ба ин тараф дар даст доранд.
XS
SM
MD
LG