Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯён қароргоҳи Ниневаро ишғол кардаанд


Ҷангҷӯёни шарики Ал-Қоида қароргоҳи ҳукумати вилояти Нинева дар шаҳри Мосули Ироқро ишғол кардаанд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, даҳҳо ҷангҷӯи то дандон мусаллаҳ шоми 9-уми июн ба ин қароргоҳ ҳамла бурдаанд. Ба гуфтаи онҳо, ба Асил ал-Нуҷайфӣ, раиси вилоят муяссар шудааст, ки аз ин маҳал беосеб фирор кунад. Аз ин пештар Нуҷайфӣ бо муроҷиат аз тариқи телевизион аз мардум хост, алайҳи тундравон мубориза баранд, ки вақтҳои ахир онҳо дар Ироқ бештар шудаанд. Баъди чанд рӯзи ҷанг бо мақомоти амниятӣ бино ба гузоришҳо ҷангҷӯён қисматҳои ғарбии Мосулро ба даст оварда ва ба ҷануб ва самти пойгоҳи аслии низомии шаҳр ҳаракат мекунанд. Мосул, ки дар гузашта такягоҳи аслии Алқоида буд дар 360 километрии шимоли Бағдод ҷойгир аст ва дуввумин шаҳри бузурги Ироқ аст.
XS
SM
MD
LG