Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Украина ба мувофиқа нарасиданд


Русия ва Украина дар музокирот барои пардохти пули гази воридотӣ ва қимати фурӯши он дар оянда ба мувофиқат нарасиданд. Давлати Русия таҳдид кард, ки агар Украина ҳаққи газро то рӯзи 10-уми июн напардозад, интиқоли онро аз ҳамон рӯз қатъ мекунад. Аммо ду тараф ба мувофиқа расиданд, ки рӯзҳои 10 ва 11-уми июн дигарбора дар шаҳри Брюссел гуфтугӯ мекунанд ва аз ин рӯ хатари қатъи газ ба Украина мувақаттан рафъ шудааст. Хабаргузории “Ройтерс” аз қавли манобеъи худ дар ширкати давлатии “Газпром”-и Русия навиштааст, ки маҷрои газ ба таври маъмул ба Украина ва аз тариқи он ба кишварҳои Аврупо идома дорад ва кам нашудааст. Вазирони энержии Русияву Украина ҳамроҳ бо Кумиссионери умури энержии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 9 июн 7 соат дар шаҳри Брюссел гуфтугӯ карданд. Ба гуфтаи мақомоти Иттиҳодияи Аврупо, ҷадвали пардохти газ тақрибан мувофиқа шудааст, вале ихтилофоти амиқи назар дар бораи қимати ояндаи он ҳамчунон боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG