Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои қатли Политковская ду нафар ҳабси абад гирифт


Рустам Маҳмудов, Ломалӣ Гайтукаев, Ҷабаил Маҳмудов ва Иброҳим Маҳмудов
Рустам Маҳмудов, Ломалӣ Гайтукаев, Ҷабаил Маҳмудов ва Иброҳим Маҳмудов
Яке аз додгоҳҳои Маскав ду нафарро барои созмон додани куштори рӯзноманигор Анна Политковская маҳкум ба зиндон кард. Ин 2 нафар аз ҷумлаи 5 нафаре мебошанд, ки дар созмондиҳии куштор саҳм доранд. Куштор соли 2006 анҷом гирифта буд.

Ломалӣ Гайтукаев барои ташкили куштор ва Рустам Маҳмудов барои кашидани мошаи таппонча маҳкум ба ҳабси абад шуданд. Моҳи май додгоҳ 4 нафари ононро барои созмон додани куштор ва Маҳмудовро барои иҷрои ин куштор муттаҳам эълон кард.

Се нафари дигари муттаҳам Сергей Ҳоҷиқурбонов-афсари пешини пулис ва бародарон Иброҳим ва Ҷабраил Маҳмудовҳо аз 12 то 20 сол ҳукми зиндон гирифтанд.

Политковская аз мунаққидони шадиди сиёсатҳои Кремл ва ҷанги Чеченистон буд ва дар сол 2006 дар Маскав террор шуд. Ду нафаре, ки ин кушторро дастур додаанд, то ҳол номаълум боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG