Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба фурудгоҳи Карочӣ 26 нафар кушта шудааст


Фурудгоҳи Карочӣ
Фурудгоҳи Карочӣ
Мақомоти Покистон мегӯянд, ки амалиёти низомӣ бар зидди шӯришиёне, ки ба фурудгоҳи Карочӣ ҳамла карданд, субҳи 9 май ба поён расид. Фурудгоҳи Карочӣ аз бузургтарин фурудгоҳҳои Покистон ба шумор меравад. Нимашаби 8 июн афроди мусаллаҳ ба биноҳои фурудгоҳ ҳамла карданд ва 26 нафар ба қатл расид.

Генерал Осим Баҷво-сухангӯи артиш гуфт, ҳамаи 10 нафаре, ки дар ин ҳамла даст доштанд, ба қатл расидаанд. Мақомоти Покистон мегӯянд, ки шӯришиён дар либоси афсарони амният ва камарбандҳои тарканда вориди фурудгоҳ шудаанд.

Нируҳои ниманизомии Покистон мегӯянд, ки баъзе аз ҳамлакунандагон шаҳрвандони Узбакистон будаанд. Дар як занги телефонӣ ба бахши покистонии радиои Озодӣ Толибони Покистон, яъне Таҳрики Толибони Покистон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтаанд ва гуфтаанд, ки ин кор интиқом барои куштори Ҳакимуллоҳ Меҳсуд-раҳбари Таҳрики Толибони Покистон будааст. Ҳакимуллоҳ соли гузашта дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG