Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Булғористон аз идомаи тарҳи "Амвоҷи ҷанубӣ" сарпечӣ кард


Булғористон дар посух ба интиқоди Комиссиюни Аврупо тасмим гирифт, ки корҳо дар тарҳи лӯлаи гази “Амвоҷи ҷанубӣ”-ро мутаваққиф кунад. Тавассути ин лӯла гази Русия ба ҷануби Аврупо интиқол меёбад. Дар бораи тасмими мутаваққифсозии корҳо дар тарҳ рӯзи якшанбе нахуствазири Булғористон Пламен Орешарскӣ хабар дод.

Миёнаҳои моҳи апрел вакилони Парлумони Аврупо аз кишварҳои аврупоӣ даъват карданд, ки аз идомаи ширкат дар бунёди ин лӯлаи газ худдорӣ кунанд.

Қарор буд, ки бунёди бахши аввали тарҳ охирҳои соли 2015 анҷом ёбад ва сокинони кишварҳои воқеъ дар шарқ ва ҷануби Аврупо аз гази Русия бархӯрдор шаванд.

Ба ҷуз Русия ва Булғористон дар бунёди “Амвоҷи ҷанубӣ” ҳамчунин Австрия, Маҷроистон, Юнон, Сербия, Словения ва Хорватия ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG