Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ас-Сисӣ ба ҳайси сарвари нави Миср савганд ёд кард


Дар Қоҳира, пойтахти Миср, рӯзи якшанбе, 8 июн, маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури тозаинтихоб, генерал Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ баргузор шуд. Дар шаҳр ва, ба вижа, дар атрофи бинои Додгоҳи Қонуни асосӣ, ки маросими савганд он ҷо сурат гирифт, чораҳои бесобиқаи амниятӣ андешида шуданд.

Баъд аз маросими савганд дар Кохи раёсатҷумҳури “Ал-Иттиҳодия” зиёфат ташкил шуд, ки дар он сиёсатмадорон, ҳайатҳо ва сафирони кишварҳои хориҷӣ ширкат карданд. Дар маросими савгандёдкунии Ас-Сисӣ раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин ҳузур дошт.

Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Миср, ки рӯзҳои 26 то 28 майи соли равон баргузор гардид, ба дарёфти тақрибан 97 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй муваффақ шуд.

Генерал Ас-Сисӣ дар барканории раисиҷумҳури пешин Муҳаммад Мурсӣ дар тақрибан як соли пеш нақши калидӣ дошт ва баъд аз он пуштибонии бахши аъзами мардуми Мисрро ба даст овард. Нерӯҳои амниятии Миср зимни саркӯбии ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин”, ки Мурсиро ба қудрат расонд, садҳо нафар аз ҷонибдоронашро кушта, ҳазорони тани дигарро боздошт карданд. То имрӯз садҳо тан аз ҷонибдорони “Ихвон-ул-муслимин” ба қатл маҳкум шуданд.

Додгоҳи Миср рӯзи шанбе, 7 июн, боз даҳ тан аз раҳбарони ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин”-ро ба эъдом маҳкум кард. Ба навиштаи хабаргузориҳо, қарор аст ҳукми 38 тан аз фаъолони дигари ин ҷунбиш, аз ҷумла, роҳбарони он Муҳаммад Бадеъ моҳи оянда эълон шавад. Онҳо дар таҳрик барои хушунат дар Миср дар моҳи июли соли гузашта айбдор мешаванд.
XS
SM
MD
LG