Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи фаъолияти се маркази дандонпизишкӣ дар Қӯрғонтеппа


Идораи вогиршиносии Қӯрғонтеппа фаъолияти се маркази дандонпизишкӣ дар ин шаҳрро қатъ кардааст. Бо бастани се маркази дандонпизишкӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, масъулони Идораи вогиршиносии ин шаҳр мегӯянд, сокинони зиёде пас аз мулоиҷаи дандон назди дандонпизишкон ба бемориҳои сироятии гуногун гирифтор шудаанд. Миралӣ Сабзаев, сардухутури Маркази санитарию эпидимиологии шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ин се марказ бинобар риоя накардани қоидаҳои тозагӣ то ислоҳи камбудиҳо дарҳояшон ба рӯи мизоҷон баста боқӣ мемонад: "Аксари ин марказҳо парвтовҳои худро, ки иборат аз сӯзандорӯ ва дигар маводҳои кимиёвӣ ҳаст, дар нуктаҳои партовҳои умумии сокинони шаҳр мандозанд, ки ин ҳолат ҳам хатарнок маҳсуб меёбад. Ба он хотир, ки эҳтимоли истифодаи ин сӯзандорӯҳо аз ҷониби кӯдакон дар хиёбонҳо вуҷуд дорад."

Ҳамчунин Сабзаев мегӯяд, фаъолияти аксари Марказҳои хусусии дандонипизишкӣ ва кори бархе аз пизишкон қаноатманд набудааст. Ин масъул мегӯяд, ҳоло ба тамоми марказҳои дандонпизишкӣ барои ислоҳи фаврии камбудиҳо супориш шудааст. Ҳарчанд, ин масъул шумори дақиқи афроде, ки пас аз муолиҷаи дандон ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудаанд, нагуфт, аммо иброз дошт, ки шикоятҳои шифоҳию хаттӣ дар ин робита афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG