Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ. Боздошти як сокини Масчоҳ, ки мехост назди Толибон равад


Мақомоти тоҷик мегӯяд, як сокини ноҳияи Мастчоҳро барои талоши убури ғайриқонунии марз боздошт кардаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 7 июн иттилоъ дод, ки аз ҷониби кормандони ин ниҳод дар ноҳияи Панҷ Садам Қудусов, сокини 22-солаи ноҳияи Мастчоҳ ба гумони убури ғайриқонунии марзи давлатӣ боздошт шудааст. Манбаъ мегӯяд, ки Садам Қудусов ба мақсади пайвастан ба ҳайати гурӯҳҳои Толибон ба ин минтақаи марзӣ омада мехостааст ба Афғонистон гузарад. Мақомоти ба дунболи боздошти Садам Қудусов алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад ва мақомоти тоҷик ҳамвора аз таҳдидҳои гурӯҳи Толибон ба марзҳои худ бонги хатар мезананд.
XS
SM
MD
LG