Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 полиси афғон аз таркиши минаи сарироҳӣ


Раиси идораи полис ва се афсари полиси як волусволии воқеъ дар ҷанубу шарқи Афғонистон рӯзи панҷшанбе, 5 июн, бар асари таркиши минаи канори роҳ ба ҳалокат расиданд.

Абдулазим Фаррух, раиси волусволии Вағози вилояти Ғазнӣ, гуфт, раиси идораи полис Муҳаммад Козим ҳамроҳ бо чаҳор зердасташ ба хотири хунсо кардани минаҳои сарироҳие рафтанд, ки толибон гузошта буданд. Онҳо панҷ минаро безарар гардонданд, вале минаи дигари дар зер монда таркид. Асадулло Сафӣ, муовини раиси полиси Ғазнӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса корманди панҷуми полис ҷароҳат бардошта ба бемористон интиқол ёфтааст.

Дар як ҳодисаи дигар дар шаҳри Ҳирот, афроди ношиноси мусаллаҳ аз мотосикл сӯи мошини низомӣ оташ кушоданд. Ду низомӣ кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG