Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ: Аз ҳаққи ҳастаии Эрон дифоъ мекунем


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон гуфт, ки ҳукумати вай аз ҳаққи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ дифоъ ва занҷири таҳримҳои байналмиллалиро пора хоҳад кард.

Рӯҳонӣ- раиси ҷумҳури ислоҳотталаб аз тарафи муҳофизакорон барои гузаштҳояш ба Ғарб мавриди интиқод қарор гирифтааст. Бар асоси мувофиқатномаи давраи гузор, ки моҳи ноябри соли гузашта имзо шуда буд, Эрон ризоят дод, ки фаъолиятҳои ҳастаии худро маҳдуд мекунад, то кишварҳои ғарбӣ таҳримҳоро коҳиш диҳанд.

Ғарб Эронро муттаҳам мекунад, ки Эрон бо истифода аз барномаҳои ҳастаии худ мехоҳад пинҳонӣ аслиҳаи ҳастаӣ бисозад, вале Теҳрон ин иттиҳомотро қабул надорад.

Музокироти наввбатӣ дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон дар поёни моҳи ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Дар он мақомоти баландпоя ширкат ва мувофиқатномаро такмил хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG