Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Порошенко дар Варшава мулоқт карданд


Обама ва Порошенко дар Варшава
Обама ва Порошенко дар Варшава
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба таври хусусӣ бо Петро Порошенко-раиси ҷумҳури мунтахаби Украина дар Варшава-пойтахти Полша мулоқот кард. Ин мулоқот нишонаи ҳимояти Амрико аз Киев аст. Ин мулоқот як рӯз баъд аз ваъдаи Обама 4 июн баргузор шуд. Обама ваъда дод, ки барои муваққатан фиристодани нируи иловагӣ ба Аврупо 1 миллиард доллар ихтисос хоҳад дод.

НАТО Русияро муттаҳам мекунад, ки дар паси нооромиҳои шарқи Украина қарор дорад. Маскав ин иттиҳомро қабул надорад, вале мегӯяд, ки аз ҳуқуқи русзабонони шарқи Украина ҳимоят мекунад.

Ҳамзамон Андерс Фоғ Расмуссен-Дабири Кулли паймони НАТО 3 июн эълон кард, ки ин паймон барои таҷдиду ислоҳоти нируҳои мусаллаҳи Украина бастаеро таҳия намудааст.

Дар мулоқоти Бруссел Чак Ҳегел-вазири дифои Амрико аз кишварҳои узви паймони НАТО хост, ки будҷаи дифоии худро дар робита бо бӯҳрони Украина афзоиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG