Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли 2 сарбози Покистон дар тирандозии шӯришиён


Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, ки аз он сӯи марз аз қаламрави Афғонистон шӯришиён ба посгоҳи марзии Покистон тирандозӣ кардаанд ва дар ин тирандозӣ ду сарбоз кушта шудаанд. Шӯришиён дар минтақаи қабиланишини Баҷур 4 июн ба посгоҳҳои марзии Манузангал ва Муха Тор ҳамла кардаанд.

Амалиёти нируҳои Покистон бар зидди шӯришиён дар ин минтақа аз ду ҳафта ба ин сӯ идома дорад. Мақомоти Афғонистон шикоят кардаанд, ки дар ин муддат аз қаламрави Покистон ба хоки Афғонистон садҳо мушак ва партоб шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар худи Афғонистон дар вилояти Ҳилманд 4 корманди пулис кушта шудаанд. Мошини онҳо дар вулусволии Сангин ба бами роҳ бархӯрдааст.
XS
SM
MD
LG