Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи набардҳо дар атрофи шаҳри Славянск


Низомиёни украинӣ ҳамла ба мавқеъҳои ҷудоихоҳон дар вилояти Донетскро идома медиҳанд. Хабаргузории украинии ЛигаБизнесИнформ бо такя ба манбаъҳо дар ниҳодҳои қудратӣ иттилоъ дод, ки рӯзи сешанбе дар ҷараёни амалиёти зиддитеррор беш аз 50 тан аз ҷудоихоҳони мусаллаҳ кушта шуданд.

Раҳбари гурӯҳи фаврӣ оид ба иттилот дар бораи амалиёти зиддитеррор дар шарқи Украина Владислав Селезнев хабар дод, ки дар ҷангҳо дар канори Славянск ду тан аз нерӯҳои ҳукуматӣ ба ҳалокат расида, 42 низомии дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Талафоти ҷудоихоҳон, ба гуфтаи ӯ, тақрибан 300 нафар аст.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, айни ҳол ҷангҳо дар атрофи шаҳри Славянск бо истифода аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва тонку тӯпҳо идома доранд.

Рӯзи душанбе бар асари таркиш дар бинои ҳукумати вилояти Луҳанск 8 нафар кушта ва 11 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Раҳбари гурӯҳи фаврӣ оид ба иттилот дар бораи амалиёти зиддитеррор дар шарқи Украина Селезнев хабарҳоро дар он бора, ки ҳавопаймоҳои ҷангии укрианӣ ба ин бино бом андохтаанд, рад кард.
XS
SM
MD
LG