Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни ИМА пойгоҳи "Манас"-ро тарк мегӯянд


ИМА рӯзи сешанбе пойгоҳи ҳавоии худ дар фурудгоҳи “Манас”-и Қирғизистонро расман мебандад. Қарор аст, ки рӯзи 3 июн маросими супурдани “калиди рамзи”-и пойгоҳ ба намояндагони давлати Қирғизистон баргузор шавад. Ба гуфтаи сафири ИМА дар Бишкек Памела Спратлен, интизор меравад, ки ҳама кормандони пойгоҳ ҳамин ҳафта кишварро тарк намоянд.

Амрикоиҳо пойгоҳи ҳавоии худ дар “Манас”-ро як моҳ пеш аз мӯҳлати дар созиши байнидавлатӣ муқарраршуда мебанданд.

ИМА ин пойгоҳро аз моҳи декабри соли 2001 ба ин сӯ ба хотири пуштибонии амалиёти низомӣ алайҳи “Ал-Қоида” ва “Толибон” дар Афғонистон истифода мекард.
XS
SM
MD
LG