Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бинои вилоятии Луҳанск тaркиш рух дод


Бино ба хабарҳо, дар бинои раҳбарияти вилояти Луҳанск, ки дар тасарруфи ҷудоихоҳони ҳаводори Русия аст, таркише рух додааст. Дар бораи талафот гузориш дода нашудааст. Мошинҳои тиббии ёрии таъҷилӣ ва мошинҳои отшанишон ба маҳали ҳодиса шитофтаанд. Дар бораи сабабҳои таркиш хабарҳои мухталиф мерасад.

Аз сӯи дигар, марзбонони Украина хабар додаанд, ки садҳо нафар ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ба яке аз пойгоҳҳои онҳо дар вилояти Луҳанск ҳамла бурдаанд.

Дастикам 5 шӯришӣ кушта, 8 нафар захмӣ шудаанд. 7 марзбони Украина низ ҷароҳат бардоштаанд. Ҷароҳати баъзе аз онҳо вазнин арзёбӣ мешавад. Сухангӯи ҷудоихоҳон таъйид кардааст, ки дар ин ҳодиса танҳо як нафар аз онҳо захмӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG