Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек шаҳрванди Амрико 4 сол маҳкум ба зиндон шуд


Дар Қирғизистон як шаҳрванди Амрико ба 4 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек 2 июн ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки Брандон Горнелиус-шаҳрванди Амрико, соли таваллудаш 1985 барои авбошӣ муттаҳам дониста шудааст.

Горнелиус корманди пойгоҳи низомии Амрико дар фурудгоҳи байналмиллалии Манаси Қирғизистон моҳи март барои ҳамла ва таҳқири афсари пулиси Қирғизистон боздошт шуда буд.

Ин афсари пулис хоста буд, ки барои шикояти як зани маҳаллии қирғиз Горнелиусро бозпурсӣ кунад. Ин зан Горнелиусро муттаҳам мекард, ки хостааст бо ин зан дар ивази маблағе амали шаҳвонӣ анҷом диҳад.

Пулис мегӯяд, ки Горнелиус маст буд, мизи пулисро шикаст ва сардушӣ ё пагони пулисро аз шонааш канд. Ҷониби амрико дар бораи ин ҳукми содиршуда ба Горнелиус тавзеҳот надодааст.
XS
SM
MD
LG