Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Александр Анкваб мегӯяд, истеъфо надодааст


Александр Анкваб, дар амал раиси ҷумҳури Абхозистон, як минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон иддаои мухолифонашро рад кард, ки мегӯянд, ӯ аз мақомаш истеъфо додааст. Александр Анкваб рӯзи якуми июн ба хабаргузории “Интерфакс”, гуфт, ҳеҷ гуна номаи истеъфо нанавиштааст. Порлумони Абхозистон рӯзи 31-уми май эълон кард, ки Александр Анкваб дигар қодир ба иҷрои вазифаҳояш нест ва рӯзи 24-уми август интихоботи зудрас таъйин кард. Валерий Бганба, раиси порлумон низ раиси ҷумҳури муваққат эълон шуд. Александр Анкваб гуфт, ки ин қарори порлумон ғайриқонунӣ аст. Баъди тазоҳурот ва ишғоли порлумон аз тарафи мухолифони давлат дар рӯзи 27-уми май, Александр Анкваб дар як пойгоҳи низомии Русия паноҳ бурд.
XS
SM
MD
LG