Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин баёнияҳои Амрикову Ҷопонро "таҳрикомез" хонд


Як генерали чинӣ гуфт, суханрониҳои Чак Ҳагел, вазири дифоъи Амрико ва Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон дар нишаст дар бораи амният дар Осиё “таҳрикомез” буд. Генерал-лейтенант Ванг Гуанжонг, муовини сардори ситоди кулли Артиши мардумии Чин рӯзи якуми июн дар ин нишаст дар Сингапур гуфт, баёнияҳои намояндагони Амрикову Ҷопон “ғайриқобили қабул” буд. Генерали чинӣ, ки зоҳиран аз нутқи омодашудааш, берун омада буд, гуфт, ки Чак Ҳагел ва Шинзо Абе бо суханронии ҳамоҳангшуда якдигарро ба ҳамла ба Чин ташвиқ мекарданд. Чак Ҳагел рӯзи 31-уми май гуфт, ки Чин бо амалкардҳояш дар Баҳри Чини Ҷанубӣ амният дар қораи Осиёро ба хатар меандозад. Шинзо Абе гуфт, ки Ҷопон барои ҳалли даъвоҳо бар сари қаламрав дар ин минтақаи баҳсбарангез бештар саъй хоҳад кард. Тайи чанд моҳи ахир даъвову кашмакаш миёни Чину Ветнам ва Филиппин бар сари қаламрав дар Баҳри Чини Ҷанубӣ шиддат гирифтааст ва ҳамкории Чину Ҷопон бинобар ҷанҷол бар сари ҷазираҳои баҳсбарангез дар Баҳри Чини Шарқӣ низ латма дидааст.
XS
SM
MD
LG